МАҶАЛЛАИ ИЛМӢ-ТАҲЛИЛИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»
Маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» (минбаъд - Маҷалла) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур нашр мегардад.
Маҷалла соли 2010 таъсис ёфтааст. Муассиси он Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) мебошад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи бақайдгирии нашрияи даврӣ № 345/МҶ-97 аз «28» майи соли 2024 мебошад.
Низомномаи Маҷалла аз ҷониби Шӯрои илмӣ қабул ва аз тарафи Директори Марказ тасдиқ карда мешавад.
Маҷалла нашрияи обунавии даврии Марказ буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он паҳн мегардад. Маҷалла бо мақсади мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории амалкунанда, интишори тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ба табъ мерасад. Дар Маҷалла маводҳои аслии илмӣ доир ба инъикоси мушкилоти мубрами соҳаи ҳуқуқ, ки ба фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ пешниҳод ва ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба фаъолияти илмию ҳуқуқэҷодкунӣ равона гардидаанд, нашр карда мешаванд.
Нашри Маҷалла дар асоси принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, гуногунандешӣ, объективӣ ва касбият амалӣ карда мешавад.
Дар Маҷалла маводҳое, ки ба соҳаҳои зерини ихтисосҳои соҳаи ҳуқуқ тааллуқ доранд, нашр карда мешаванд:
-5.5.1 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат;
-5.5.2 – Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ;
-5.5.3 – Ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ;
-5.5.4 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ;
-5.5.5 – Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ;
-5.5.6 – Ҳуқуқи замин; ҳуқуқи захираҳои табиӣ; ҳуқуқи экологӣ; ҳуқуқи кишоварзӣ;
-5.5.7 – Ҳуқуқи корпоративӣ; ҳуқуқи энергетикӣ;
-5.5.8 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
-5.5.9 – Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ;
-5.5.10 – Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо;
-5.5.11 – Фаъолияти судӣ; фаъолияти прокурорӣ; фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ;
-5.5.12 – Криминалистика; фаъолияти экспертизаи судӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
-5.5.13 – Ҳуқуқи инноватсионӣ; ҳуқуқи иттилоотӣ; ҳуқуқи рақамӣ;
-5.5.14 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ;
-5.5.15 – Ҳуқуқи мурофиаи маданӣ; ҳуқуқи мурофиаи ҳакамӣ.
Даврияти Маҷалла ба миқдори 4 шумора дар як сол (1 маротиба дар як семоҳа) муқаррар гардидааст. Барориши шумораҳои махсуси Маҷалла, замимаҳо ба Маҷалла оид ба соҳаи мушаххаси дониш, инчунин доир ба маводҳои илмӣ ва илмию методии конференсияҳое, ки Марказ мегузаронад, пешбинӣ мешавад.
Маҷалла дорои рақами ISSN аст, ки ин иттиллоъ пайдо намудани нашрияҳои байналхалқии реферативиро дар бораи он таъмин месозад.
Маҷалла ба Номгӯи маҷалла ва нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ҳамчунин Маҷалла дар Базаи маълумотҳои таҳлилии - Шохиси илмии тақризшавандаии Россия (РИНЦ) ворид гардидааст.
Барои таъмини иттиллоъ дар бораи маводҳои дар маҷалла нашршуда дар сомонаи расмии Маҷалла (http://www.qonunguzori.tj) аннотатсияҳои мақолаҳо ва маълумот дар бораи муаллифон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин шакли электронии Маҷалла (дар формати Pdf) ҷойгир мегарданд.
Тоҷикӣ
Русский
English
